01:21, 22 Августи 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Аз сӯхтори бешазор 9 кас ҳалок ва 15 нафар маҷрӯҳ шуданд

Сӯхтори бешазор дар Чили чанд рӯз мешавад, ки идома дорад.

То кунун дар пайи оташсӯзӣ 9 нафар ба ҳалокат расида, 15 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Қаблан оид ба марги 6 нафар иттилоъ дода мешуд. Масоҳати умумии сӯхтор ба 238 ҳазор гектар баробар шудааст. Сӯхтор асосан дар минтақаҳои марказӣ ва ҷанубии ин мамлакат ба назар мерасад. Президенти Чили Мишел Бачелет ҳодисаи мазкурро дар таърихи кишвар бесобиқа унвон кард. Вобаста ба ин дар баъзе минтақаҳои кишвар ҳолати фавқулода эълон шудааст. То ин дам ба кормандони Хадамоти оташнишонӣ муяссар омад, ки 64 манбаи оташсӯзиро хомӯш намоянд. Дар айни замон бошад, 37 сарчашмаи сӯхтор идома дорад. Барои хомӯш намудани алангаи оташсӯзӣ дар баробари сӯхторнишонон кормандони мақомоти полис ва низомиёни кишвар низ фаъолият бурда истодаанд.