11:53, 27 Феврали 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Феврал 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
28          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Нишасти садамавии чархболи губернатор дар ИМА

 

 

 

Дар шаҳри Ню-Виндзори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чархболи губернатори

штати Ню-Йорк ба таври садамавӣ ба замин нишаст. Дар чархбол губернатор Эндрю Куомо бо ду ёрдамчиаш қарор доштааст. Тибқи иттилои шабакаи телевизионии «Си-би-Эс» чархбол аз шаҳри Олбани Ню-Йорк ба парвоз омада буд. Ба гуфти намояндагони маъмурияти губернатори штати Ню-Йорк дохили чархболро дуд фаро гирифта, дар натиҷа сарнишининро лозим омад, то чархболро иҷборан ба замин фуруд орад. Дар пайи ҳодиса касе осеб надидааст.