10:17, 30 Апрели 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Туркия ҳамлагарони «Рейна» дар ҷустуҷӯ қарор доранд

 

 

 

Кормандони мақомоти қудратии Туркия бо мақсади боздошти гумонбари

ҳамлаи террористӣ ба маркази дилхушии «Рейна» дар истгоҳи метрои шаҳри Истанбул амалиёти ҷустуҷӯиро роҳандозӣ карданд. Кормандони мақмоти полис маълумотеро дастрас карданд, ки гӯё ҷинояткор дар ин ҷо панаҳ бурдааст. Оид ба натиҷаҳои амалиёт маълумот дода нашудааст. Шаби 31-уми декабр ба 1-уми январи соли 2017-уми марди ношинос тариқи силоҳ вориди маркази дилхушии «Рейна» гардида, даст ба тирпарронӣ зад. Пас аз ин амали нангин террорист ба самти номаълум фирор овард. Ҳодиса дар минтақаи Ортакейи шаҳри Истанбул рух дод. Бар асари ҳодиса 39 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Миёни фавтидагон 16 шаҳрванди хориҷӣ низ мебошад. Масъулияти ҳамларо ҷангиёни гурӯҳи бо ном «Давлати исломӣ» ба уҳда гирифтанд. Мақомоти махсуси Туркия 7-уми январ тавонистанд, ки шахсияти ҳамлагарро муайян созанд.