05:39, 21 Ноябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Мали бар асари таркиш 5 хизматчии ҳарбӣ ҳалок шуд

 

 

 

Бар асари таркиши мина дар Мали 5 хизматчии ҳарбӣ ҳалок гардид. Бино ба иттилои

оҷонсиҳои хабарӣ автомашина ҳангоми ҳаракат дар роҳ начандон дуртар аз шаҳри Сегуи қисми марказии кишвар ба мина бархӯрда, таркидааст. Ҳамаи сарбозон дар як воситаи нақлиёт қарор доштанд. Дар Мали низомиёни ҳомии сулҳ ва сарбозони маҳаллӣ одатан ҳадафи ҳамлаи ҷудоихоҳон қарор мегиранд. Аксар вақт ҷангиён дар ҳамлаҳои каминӣ нисбат ба ҳарбиён аз таҷҳизоти тарканда истифода мекунанд.