15:01, 14 Декабри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ҳалокати 5 намояндаи расмии Аморати Муттаҳидаи Араб дар Қандаҳор

Аморати Муттаҳидаи Араб ҳалокати 5 намояндаи расмии худ дар амали террористии

шаҳри Қандаҳори Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро расман тасдиқ намуд. Ҳодисаи террористӣ як рӯз қабл дар меҳмонхонаи Қандаҳор ҳангоми вохӯрии губернатори маҳаллӣ бо сафири Аморати Муттаҳидаи Араб рух дод. Дар маҷмуъ аз ин ҳодисаи мудҳиш 11 кас ҷон бохтааст. Эҳтимол ҳадафи террористон сафири Аморати Муттаҳидаи Араб дар Афғонистон будааст. Намояндагони корпуси дипломатии Арабистон дар Афғонистон ба амалисозии нақшаҳои таълимӣ ва иҷтимоӣ машғул буданд. Дар робита ба марги дипломатҳо дар Аморати Муттаҳидаи Араб 3 рӯз мотам эълон карда шуд.