11:54, 17 Январи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Январ 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Таркиш дар корхонаи коркарди ангишти штати Огайои ИМА

Дар корхонаи коркарди ангишти штати Огайои ИМА таркиш ба амал омад.

Бар асари ҳодиса 5 нафар ҷароҳат бардошт. Бо мақсади таъмини бехатарӣ кормандони коргоҳ ва сокинони гирду атроф ба ҷойҳои нисбатан амн интиқол дода шуданд. Корхонаи мазкур ба ширкати «Дейтон Павер энд Лайт» тааллуқ дошта, дар он 300 нафар фаъолият мекунанд. Аз сокинони гирду атроф даъват ба амал оварда шудааст, ки бе зарурат аз манзилҳои зисташон берун нараванд. Ба ҷойи ҳодиса сӯхторнишонон сафарбар гардида фаъолият мебаранд. Тафтишот дар ин самт идома дошта, сабаби сар задани таркиш муайян карда мешавад.