07:43, 27 Марти 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Март 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Таркиши маргбор дар Кобул

Мақомоти марбутаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иттилоъ доданд, ки бар асари

таркиш дар наздикии бинои порлумони кишвар воқеъ дар шахри Кобул 38 нафар ҷон бохтанд. Теъдоди маҷрӯҳон 72 нафар нафар рақам зада мешавад. Масъулияти ин ҳамларо ҷангиёни гурӯҳи «Толибон» бар дӯш гирифтанд.Таркишҳо бо истифода аз автомашинаҳои пур аз маводи тарканда ба амал оварда шуданд.Намояндагони мақомоти амнияти кишвар иброз дошатнд,ки инфиҷорҳо ҳамоҳангшуда содир гардиданд. Таркиши аввал кормандони порлумонро ҳадаф қарор дод. Бинои парлумони Афғонистон дар хиёбони Доруламон, ки як қатор иншооти давлатӣ ва хориҷӣ низ дар он маскан гирифтанд, мавқеъият дорад. Таркиши дувум дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки кормандони амният ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд. Аксари ҳалокшудагонро сокинони осоишта ва кормандони порлумон ташкил медиҳанд.Дар ҳамин ҳол хабар дода мешавад,ки дар вилояти Қандаҳор низ инфиҷори сахт ба амал омадааст. Дар ин ҷо бар асари амали террористӣ 11 нафар ба ҳалокат расиданд. Маълумоти мазкурро шабакаи телевизионии «Тулуъ» пахш кард.Таркиш дар меҳмонхонаи волии вилоят содир шудааст.Дар пайи ҳодиса 16 каси дигар захмӣ шуданд,ки дар миёни онҳо сафири Аморати Муттаҳидаи Араб дар Афғонситон низ ҳаст.Таркиш замоне сар зад,ки дар меҳмонхонаи волӣ мулоқоти ин шахси мансабдор бо намояндагони корпуси дипломатии Аморати Муттаҳидаи Араб ҷараён дошт.Эҳтимол намояндагони корпуси дипломатии муқими Афғонситон ҳадафи асосии террористон будааст.