04:06, 22 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Неруҳои махсуси Амрико дар Сурия 25 ҷангиро маҳв намуданд

Неруҳои махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қисми шарқии вилояти

Дайр-уз-Зори Сурия ба муқобили гурӯҳи бо ном «Давлати исломӣ» амалиётро ба роҳ монданд. Бино ба иттилои Маркази мониторинг оид ба ҳуқуқи инсони Британияи Кабир мустақар дар Сурия наздики 25 ҷангии гурӯҳи бо ном «Давлати исломӣ» зимни амалиёти сарбозони Амрико дар деҳаи ал-Кубар маҳв карда шуданд. Дар ҳамин ҳол масъулини неруҳои эътилоф бо роҳбарии Амрико маълумотро оид ба шумораи дақиқи кушташудагон дар вилояти Дайр-уз-Зор тасдиқ накарданд. Дар ҷараёни даргирӣ ҳарбиёни хориҷӣ аз ҳавопаймоҳои зарбазан ва чархболҳои низомӣ истифода бурданд. Дар натиҷа чанд аъзои гурӯҳи бо ном «Давлати исломӣ» аз ҷониби низомиён дастгир шуданд. Моҳи майи соли 2015-ум Қӯшуҳои Амрико зимни амалиёт дар вилояти Дайр-уз-Зори Сурия як роҳбари ин гурӯҳро бо 6 ҳаммаслакаш безарар намуда буданд.