01:28, 28 Марти 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Март 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Сурия: реҷаи оташбас пайваста халалдор мешавад

Артиши Сурия пас аз халалдоршавии реҷаи оташбас, ки 7-уми январи

соли ҷорӣ ба даст омада буд, амалиёти зиддитеррористиро дар водии Води-Барадаи қисми ғарбии шаҳри Димишқ таҷдид кард. Дар доираи амалиёти бобарор сарбозон вазъиятро дар 4 нуқтаи аҳолинишин ва баландкӯҳҳои Даҳр-ал-Масаби таҳти назорат гирифтанд. Айни ҳол сарбозон ҳамаи талошашонро барои озоднамоии шаҳри Кфар-Зайт, ки паногоҳи силоҳбадастони гурӯҳи «Ҷабҳат Фатҳ аш-Шом» ҳисобида мешавад, равона менамоянд. Мутахассисон барои таъмини аҳолии шаҳри Димишқ бо оби тозаи ошомиданӣ дар водии «Води-Барада» фаъолият доранд. Тавре дар паёми вазорати корҳои хориҷии Сурия ба Шӯрои Бехатарии СММ таъкид гардидааст, силоҳбадастони гурӯҳҳои мухолиф рӯзи 24-уми декабри соли сипаришуда дар натиҷаи як амали террористӣ қубурҳои обгузари шаҳри Димишқро хароб ва обро бо истифода аз сӯзишвории дизелӣ заҳролуд намуданд. Ин ҳолат боиси аз истифодаи об маҳрум мондани 80 дарсади сокинони пойтахт гардид. Водии «Води-Барада» аз 14 нуқтаи аҳолинишин иборат буда, бештари онҳо ҳамоно таҳти тасарруфи силоҳбадастон қарор доранд. Ба таъкиди губернатори музофоти Риф-Димишқ силоҳбадастон омодаанд, ки бо ҳукуматдорон гуфтушунид анҷом дода, аз идомаи муҳорибаҳо бо сохторҳои қудратӣ даст кашанд. Роҳбарони гурӯҳи «Ҷабҳат ан Нусра» аз ин иқдоми силоҳбадастон норозигӣ баён намуда, онҳоро таҳдид мекунанд. Ҳамчунин реҷаи оташбаси саросарӣ, ки 30-юми декабри соли сипаришуда, ҳосил шуда буд, аз ҷониби ҷангиёни ин гурӯҳ пайваста халалдор карда мешавад.