01:29, 28 Марти 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Март 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Гаити: садамаи нақлиётӣ ба ҳалокати 20 нафар боис гардид

Дар қисми шимолии Гаити садамаи нақлиётӣ ба амал омад, ки

дар натиҷаи он 20 кас ҳалок ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ гардиданд. Тибқи иттилои дастрас аз хабаргузориҳои маҳаллӣ дар яке аз роҳҳои ин кишвар автобуси мусофирбар бо воситаи нақлиёти боркашон бархӯрдааст. Ҳодиса дар минтақаи кӯҳӣ ба вуқӯъ пайваст. Аз ин хотир, амалиёти наҷотдиҳӣ ба душворӣ ҷараён дорад. Кормандони соҳаи тандурустӣ афзоиш ёфтани теъдоди фавтидагонро аз эҳтимол дур намедонанд.