23:18, 27 Марти 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Март 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Флорида: ҳамлаи мусаллаҳона дар фурудгоҳ боиси ҳалокати 5 нафар шуд

Фурудгоҳи Форт-Лодердейли штати Флоридаи ИМА

мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт. Ҳодиса дар терминали 2-юми фурудгоҳ дар толори гирифтани ҷомадонҳо ба вуқӯъ пайваст. Бар асари тирпарронӣ дар ин макони ҷамъиятӣ хизматрасонӣ 5 нафар ҷон бохт. Дар пайи тирпарронӣ ҳамчунин 37 тани дигар захмӣ ва бистарии беморхона карда шуданд. Ба иқрори шоҳидон шахси силоҳбадаст тақрибан 35 сол доштааст. Баробари ба бинои бинои фурудгоҳ ҳозир шуданаш ӯ аз мусофирону кормандони фурудгоҳ талаби таслимшавиро намудааст. Дар робита ба ҳодисаи рухдода фаъолияти фурудгоҳ барои чанд муддат қатъ гардид. Дар доираи андешидани чораҳои бехатарӣ кормандони мақомоти полис нафарони зиёдро ба дигар ҷойҳо таҳвил доданд. Ҷинояткор аз ҷониби кормандони мақомоти полис дастгир гардид. Ӯ шаҳрванди яке аз кишварҳои Амрикои Лотинӣ мебошад. Аз ӯ Эстебан Сантяго ном бурда шуда, ҳамлаи мусаллаҳонаро танҳо содир намудааст. Дар наздикии фурудгоҳ халтаи шубҳанок пайдо карда шуда, кормандони ниҳоди марбута тасмим доранд онро безарар намоянд. Фурудгоҳи байналмилалии ҳадафқароргирифта дар 5 километраи қисми ҷанубу ғарбии шаҳри Форт Лодердейл, ки минтақаи кории штат ба ҳисоб меравад, мавқеият дорад. Аз хизматрасонии фурудгоҳ бештар сокинони шаҳрҳои Майами, Ҳолливуд ва дигар шаҳрҳо истифода менамоянд.