23:18, 27 Марти 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Март 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Синай: 9 террорист кушта ва 16 тани дигар захмӣ карда шуданд

Дар нимҷазираи Синайи Миср силоҳбадастони номаълум

қасди ҳамла ба нуқтаи назоратии кормандони мақомоти полисро карданд. Аммо ба муқовимати сахти неруҳои давлатӣ дучор афтоданд. Кормандони воҳидҳои низомӣ дар муқобили онҳо истодагарӣ намуда, террористонро безарар гардониданд. Расонаҳои хабарӣ теъдоди силоҳбадастони маҳвшударо 9 нафар рақам мезананд. Ҳамчунин дар рафти тирпарронии тарафайн 16 террористи дигар захмӣ гардид. Ҳамлагарон муҳимоти вазнини ҷангӣ низ бо худ доштанд. Онҳо нақлиёти ҳарҷогард ва зиреҳпӯши низомиёнро ҳадаф қарор доданд. Ҳукуматдорони кишвар дар содир намудани ин ҳамла силоҳбадастони гурӯҳи «Байтул-Мақдис»-ро ки як шохаи «Давлати исломӣ» мебошад айбдор меҳисобанд.