12:49, 20 Январи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Январ 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар шаҳри Раққа 14 ҷангӣ безарар карда шуд

Ҳавопаймоҳои зарбазани неруҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

дар қисми шимолии шаҳри Раққаи Сурия, ки дар онҷо як ҷангиёни гурӯҳи ба ном «Давлати – исломӣ» паноҳ мебурданд, мушакборон карданд. Дар пайи ҳамлаҳои ҳавоӣ 14 тан аз ҷангиён ба ҳалокат расида, чанд тани дигар захмӣ шуданд. Бино ба маълумоти расида, ҳадафи асосии зарбаҳои ҳавоӣ несту нобуд сохтани паноҳгоҳҳои силохбадстони гурӯҳи ифротгарои ба ном «Давлати исломӣ» мебошад. Амалиётҳо бо мақсади ба даст овардани боз чанд нуқтаи аҳолинишин миёни низомиёни давлатӣ дар ҳамдастӣ бо ҳавопаймоҳои ҳарбӣ-ҳавоии неруҳои хориҷӣ барои безарар гардонидани ҷангиёни гурӯҳи ифротгарои ба ном «Давлати –исломӣ» дар минтақаҳои гуногуни Сурия идома дорад. Хотиррасон менамоем, ки вазъияти сиёсӣ дар Сурия аз моҳи марти соли 2011 инҷониб мураккаб боқӣ мемонад. Тибқи омори Созмони Милали Муттаҳид дар ин муддат бар асари нооромиҳо ҳазорҳо нафар ҷони худро аз даст додаанд.