23:16, 27 Марти 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Март 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Анис Амрӣ дар Олмон бо 14 ном иқомат кардааст

Ҳамлагари шаҳри Берлин - Анис Амрӣ дар Олмон

бо 14 ном истиқомат кардааст. Тафтишот муайян намуд, ки Амрӣ дар минтақаи Рейн-Вестфалияи Шимолӣ бо чанд исм ғайриқонунӣ худро ба қайд гирифтааст. Ҳамин тариқ, ӯ аз давлат чанд маротиба кумакпулӣ ҳам дастрас намуда будааст. Ба иттилои полис, мақомоти махсус бо тамоми имконоти мавҷуда кӯшиш ба харҷ дода буд, ки аз ҳамла ба ярмаркаи солинавии шаҳри Берлин ҷилавгирӣ намояд. Аммо ҳукумати федеролӣ ва минтақавӣ оид ба он, ки Анис Амрӣ нақшаи содир намудани амали террористиро доштааст, натавонист, то далелҳои асосиро пайдо намояд. Чанде қабл як қатор сиёсатмадорони мухолиф дар Олмон бо номаҳои интиқодӣ оид ба фаъолияти мақомоти полис ва махсус баромад карданд. Ба таъкиди онҳо ҳукумати минтақавӣ новобаста аз аз он, ки Амриро дар ҷудоипарастӣ гумонбар меҳисобиданд, назоратро аз пушти ӯ қатъ карда, ба номбурда рухсат доданд, ки дар мамлакат ба таври озод сайру гашт намояд. 19-уми декабри соли 2016-ум мошини боркаш анбӯҳи одамонро дар ярмаркаи фурӯши маҳсулоти Соли нави мелодӣ пахш кард, ки дар натиҷа 12 нафар ҳалок ва 49 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Пас аз 4 рӯз полиси Италия дар шаҳри Милан ҷинояткор - Анис Амриро, ки дар ин амали зист гумонбари асосӣ дониста мешуд, дар пайи тирпарронӣ маҳв намуд.