07:20, 23 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

ИМА писари Усама бин Лоданро ба рӯйхати сиёҳ ворид кард

Ҳукуматдорони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико писари собиқ роҳбари

шабакаи «Ал-Қоида» Усама бин Лоданро дар феҳристи террористон ворид намуданд. Дар рӯйхате, ки Департаменти давлатии ин кишвар тартиб додааст, Ҳамза бин Лодан дар қатори террористони хатарноки байналмилалӣ шомил мебошад. Дар феҳристи мазкур ҳамчунин яке аз саркардагони шабакаи «Ал-Қоида» бо ном Иброҳим ал-Банна, ки дар нимҷазира Араб умр ба сар мебарад, шомил аст. Мақомоти махсуси кишвар мегӯянд, ки Ҳамза бин Лодан пас аз марги падараш яке аз фаъолони гурӯҳи «Ал-Қоида» маҳсуб меёбад. Зимни ҷустуҷӯ аз ҳуҷраи Ҳамза бин Лодан мактубе дарёфт гардидааст, ки дар он аз роҳбари гурӯҳи «Ал-Қоида» барои омӯзишу ворис хондашан тақозо ба амал оварда шудааст. Тибқи маълумоти мақомоти махсуси кишвар - Усама бин Лодан нақша доштааст, ки писари худро соли 2009-ум ҳангоми навиштани мактуб ба раёсати гурӯҳи «Ал-Қоида» супорад. Пас аз марги бин Лодан роҳбари шабакаи террористии «Ал-Қоида» Айман аз Завоҳирии мисрӣ таъйин шуд.