23:16, 27 Марти 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Март 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Аргентина сӯхтор 1 млн гектар бешазорро фаро печид

Дар Аргентина сӯхтор беш аз як миллион гектар бешазорро

ба коми худ кашид. Аз охирҳои моҳи декабри соли гузашта дар минтақаҳои Ла-Пампа, Рио-Негро ва Буэнос-Айрес сӯхтори шадид ҳукумфармост. Дар хусуси фавтидагон ва осебдидагон хабар дода нашудааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки оташсӯзӣ ҳазорҳо гектар киштзори кишоварзон ва чарогоҳҳоро хароб намудааст. Кишоварзон иброз медоранд, ки ҳаҷми хисорот бар асари оташсӯзӣ 15 миллион долларро ташкил медиҳад. Вазиши шамоли сахт ба доман паҳн намудани сӯхтор мусоидат мекунад.