22:35, 22 Майи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Тӯфони «Аксел» дар Олмон обхезиро барангехт

Тӯфони «Аксел», ки боришоти борону вазиши шамолро дар пай дошт,

дар қисми шимолии Олмон обхезии шадидро барангехт. Бар асари офати табиӣ кӯчаю роҳҳои автомобилгард ва таҳхонаи биноҳои истиқоматӣ дар ҳалқаи обхезӣ қарор доранд. Дар бораи талафоти ҷонӣ ва осебдидагон маълумот дастрас нест. Аз обхезӣ бештар сокинони минтақаҳои аҳолинишини шаҳри Кил ва ҷазираи Узедом, ки дар марз бо Полша ҷойгир мебошанд, ранҷ мебаранд. Обхезӣ ба шаҳрҳои Росток ва Штралзунд хисорот ворид намуда, дар шаҳри бандарии Висмар баландии сатҳи об то 1,83 метр мерасад. Соли 2006-ум обхезӣ дар қисми шарқии ин кишвар 25 ҳазор нафар сокинони шаҳри Дрезденро маҷбур ба тарки манзил намуда буд. Он замон баландии сатҳи оби дарёи Элба 7,5 метрро ташкил медод.