14:25, 13 Декабри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Афғонистон 19 ҷангҷӯ безарар карда шуд

Дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зимни амалиёти

махсуси зиддитеррористӣ 19 ҷангии хавфнок безарар карда шуд. Амалиёт дар 18 музофоти мамлакат роҳандозӣ гардид. Низомиён дар рафти амалиёт дар минтақаи Маруфи вилояти Қандаҳори қисми ҷанубии ин кишвар қароргоҳи силоҳбадастонро муҳосира карда, 5 ҷангии гурӯҳи «Толибон»-ро маҳв намуданд. Дар вилоятҳои Ҳилманд ва Нимрӯз 6 ҷангӣ ба ҳалокат расонда шуда, 9 тани дигар ҷароҳат бардошт. Зимни амалиёт ба мақомоти қудратии Афғонистон муяссар омад, ки 20 таҷҳизоти таркандаи канори роҳро безарар намоянд. Моҳҳои ахир ҷангиёни гурӯҳи бо ном «Давлати исломӣ» дар минтақаҳои қисми шарқӣ ва ҷанубии Афғонистон мустақар гардида, сатҳи ҳамла ва амалҳои террористиро бештар кардаанд.