02:47, 16 Декабри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Артиши Туркия дар марзи Сурия 38 силоҳбадастро безарар гардонид

Дар қисми шимолии Сурия, ки дар марз бо Туркия ҷойгир аст,

зимни амалиёти поксозӣ низомиёни Артиши миллии Туркия 38 силоҳбадасти гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ»-ро безарар гардониданд. Дар ҷараёни амалиёт ҳамчунин як паноҳгоҳи силоҳбадастон, ки дар дохили он муҳимоти ҷангӣ нигоҳ дошта мешуд, нобуд карда шуд. Дар пайи муқовимати низомиён боқимонда ҷангиён аз майдони набард ба самти номаълум фирор намуданд. Дар рафти амалиёти густурда неруҳои ҳарбии ин кишвар аз тамоми техникаи вазнини ҷангӣ истифода кардаанд. Вобаста ба идома ёфтани амалиёт низомиён барои несту нобуд сохтани террористон дар сарҳад чанд рӯзи дигар амалиёт мегузаронанд.