18:06, 19 Августи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

13 000 нафари дигар шаҳри Мавсилро тарк карданд

Дар як ҳафтаи охир беш аз 13 ҳазор сокини осоишта шаҳри

Мавсили Ироқро тарк карданд. Ёдрас мешавем, ки шаҳри Мавсил замони охир, истеҳкоми ҷангиёни гурӯҳи ба ном «Давлати исломи» табдил ёфта, айни ҳол ин шаҳрро неруҳои давлатии Ироқ таҳти муҳосира қарор додаанд. Ҳамаи роҳҳои воридоту содироти шаҳр таҳти назорат қарор дорад. Тибқи иттилои намояндаи расмии Созмони Милали Муттаҳид Стефан Дюжаррик дар як рӯз, ба ҳисоби миёна 2 ҳазору 300 нафар шаҳри Мавсилро тарк мекунанд. Ин нишондод якуним маротиба зиёдтар аз пешина мебошад. Сабаби афзоиши муҳоҷиронро дар таҳким бахшидани амалиёти озоднамоии шаҳри Мавсил аз дасти ҷангиёни гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» медонанд. Ҳоло якчанд минтақаҳои шимолии ин шаҳр озод шуда, кумакҳои башардӯстона ворид мешавад. Аз оғози амалиёти озоднамоии шаҳри Мавсил ин шаҳрро беш аз 130 ҳазор нафар тарк кардаанд. Ҳамчунин ба иттилои сухангӯйи неруҳои эътилоф зимни амалиёти озоднамоӣ пас аз зарбаҳои ин ниҳоди ҳарбӣ ду тан аз саркардагони гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» Имоди абу Турк ва Фолаҳа ал Рашиди маҳв карда шуданд. Тавре муайян карда шудааст, Фалаҳ ал Рашидӣ ба созмон додани автомобилҳои бо маводи тарканда муҷаҳҳаз, ки террористон пайваста аз онҳо истифода мекунанд, муваззаф будааст. Ба ақидаи коршиносон маҳви ин ду саркарда, нуфузу тавоноии ин гурӯҳи ифротиро дар минтақаи Фурот комилан суст мегардонад. Дар ҳамин ҳол намояндагони Вазорати мудофиаи ин кишвар аз суқути як ҳавопаймои неруҳои ҳарби ҳавоӣ дуртар аз шаҳри Байҷӣ, ки дар масофаи 200 километр аз шаҳри Бағдод қарор дорад, хабар дод. Тавре муайян аст, ҳавопаймои мазкур бо сабаби нуқси техникӣ ба фалокат дучор шудааст. Дар бораи тақдири сарнишинон маълумот дастрас нест.