10:59, 24 Феврали 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Феврал 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 25 26
27 28          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Садамаи қатора дар Ню-Йорк 100 захмӣ барҷой гузошт

Бар асари садамаи қатора дар роҳи оҳани Лонг-Айленди

штати Ню-Йорки ИМА беш аз сад нафар зарар дид. Қатораи мазкур бо суръати баланд ҳаракат карда, бо монеаи дар истгоҳи Atlantic Terminal бархӯрд. Ҳодиса соати 8:30-и субҳ замоне, ки сокинон бо шитоб ба кор мерафтанд, ба амал омад. Ҳангоми садама дар дохили қатора наздики 600 нафар қарор дошт. Ба бештари захмиён дар ҷойи ҳодиса кумаки аввалияи тиббӣ расонда шуд. То ҳол сабабҳои садама муайян карда нашудааст.