02:48, 16 Декабри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Ҳирот 6 ҷинояткор безарар карда шуд

Дар вилояти Ҳироти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

зимни амалиёти зиддитеррористӣ 6 ҷинояткор безарар карда шуд. Бино ба маълумоти кормандони мақомоти полис амалиёт дар вулусволии Кишки кӯҳна сурат гирифтааст. Миёни маҳвшудагон як фармондеҳи ин гурӯҳ низ мебошад. Аз ҷониби воҳидҳои низомии Афғонистон талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ҳамаи ҳалокшудагон силоҳбадастони ҳаракати «Толибон» арзёбӣ мегарданд. Кормандони сохторҳои қудратии ин кишвар аз кушташудагон ба миқдори зиёд аслиҳа дарёфту мусодира намуданд. Амалиёт дар вилояти мазкур чанд рӯзи дигар идома хоҳад ёфт. Дар вилояти Майдон Вардак бошад, дар ҷараёни амалиёти бобарор неруҳои давлатӣ 10 мухолифи мусаллаҳи давлатро боздошт карданд.