18:04, 19 Августи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Туркия: акси гумонбари амали террористӣ дар хабаргузориҳо нашр шуд

Хабаргузории иттилоотии Туркия «Анадолу» дар сомонаи иҷтимоии

«Twitter» акси нафареро, ки дар амали террористии дар маркази дилхушии «Reina»-шаҳри Истанбул содиргардида гумонбар ҳисобида мешавад, интишор кард. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки кормандони мақомоти полиси кишвар дар робита ба амали террористии мазкур 12 нафарро равонаи маҳбас намуданд. Ёдрас мешавем, ки рӯзи 31-уми декабр ҳангоми таҷлили соли нави мелодӣ дар маркази дилхушии «Reina» амали террористӣ анҷом дода шуд. Тибқи маълумоти мавҷуда, силоҳбадасти номаълум ҷониби анбӯҳи одамон оташ кушодааст. Дар натиҷа 39 нафар ба ҳалокат расиданд, ки 24 тани онҳо шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Ҳамчунин наздикии 70 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Масулияти ҳамлаи мазкурро террористони гурӯҳи бо ном «Давлати исломӣ» бар уҳда гирифтанд.