18:04, 19 Августи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Ироқ: силоҳдорон 7 низомиро ба қатл расонданд

Силоҳбадастони номаълум ба шаҳри Сомерои Ироқ ҳамлавар шуданд.

Бар асари ҳуҷуми ногаҳонӣ 7 нафар хизматчии ҳарбӣ ба ҳалокат расид. Ин навбат силоҳбадастон бинои нозирони минтақавиро ҳадаф қарор доданд. Маълумоти мазкурро шабакаи телевизионии «Ал-Арабия» интишор дод. Тавре манбаъ хабар медиҳад, дар оғоз ду шахси маргталаб худро дар даромадгоҳи бинои нозирони минтақавӣ инфиҷор доданд. Сипас, чанд силоҳбадасти дигар вориди иморат шуда, бо кормандони полис тирпарронӣ карданд. Мақомоти полисро зарурат омад, ки аз чархбол истифода баранд. Чанд тан аз ҳамлагарон безарар гардонида шуданд. Алҳол дар шаҳри Сомеро реҷаи қуюди шабгардӣ ҷорист.