10:46, 25 Марти 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Март 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Суқути ҳавопаймо дар ҷангал 4 кушта барҷой гузошт

Дар қисми шимолу ғарбии штати Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

ҳавопаймои хурд ба шикаст мувоҷеҳ шуд. Ҳангоми ҳодиса дар дохили нақлиёти ҳавоӣ 4 нафар қарор дошт. Бар асари ҳодиса ҳамаи онҳо ба ҳалокат расидаанд. Ба қавли мутахассисони соҳа алоқа бо сарнишинони тайёра пас аз чанд лаҳзаи парвоз қатъ гардидааст. Баъдан маълум шуд, ки ҳавопаймо дар ҷангал суқут кардааст. Сабабҳои фоҷиа маълум нест. Тафтишот дар ин самт идома дорад.