20:11, 19 Январи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Январ 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Реҷаи оташбас дар Сурия риоя мешавад

Ба иттилои нозирон реҷаи оташбас дар Сурия рӯзи якуми ба ҳукми амал даромаданаш

дар маҷмӯъ риоя гардидааст. Аммо дар баъзе минтақаҳо, алалхусус атрофи шаҳри Димишқ задухӯрдҳои начандон калон ба вуқӯъ пайвастанд. Дар вилояти Ҳама бошад, паноҳгоҳи шӯришгарон мавриди зарбаҳои ҳавоӣ қарор гирифт. Бино ба маълумоти Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия ба тавофуқномаи реҷаи оташбас 7 гурӯҳи шӯришгарони мухолиф, ки зиёда аз 60 ҳазор нафар аъзо доранд, шомил гардидааст. Сокинон изҳор медоранд, ки онҳо аз ҷанг, ки наздики 6 сол боз идома дорад, хаста шудаанд. Реҷаи оташбас дар Сурия шаби ҷумъа ба ҳукми амал даромад.