10:45, 25 Марти 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Март 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Артиши Ироқ минтақаҳои шарқии Мавсилро тирборон мекунад

Артиши Ироқ дар ҳамдастӣ бо неруҳои ихтиёрии мардумӣ ва Пешмаргаи курд

рӯзи дуюм аст, ки минтақаҳои қисми шарқии шаҳри Мавсилро тирборон мекунад. Ҳарбиёни Ироқ изҳор намуданд, ки ба онҳо муяссар омадааст, то ба ҳудуди ноҳияи Интасар ворид шаванд. Хати мудофиавии ҷангиёни гурӯҳи бо ном «Давлати исломӣ» дар қисми чапи дарёи Паланг рахна гардидааст. Рӯзи панҷшанбе неруҳои ҳукуматии Ироқ қисми шимолу шарқии шаҳри Мавсилро таҳти назорат қарор доданд. Айни ҳол дар ин мавзеъҳо корҳои поксозии роҳу ҷодаҳо аз минаҳо идома дорад. Шаҳри Тал-Кайф, ки дар қисми шимолии Мавсил ҷойгир аст, таҳти назорати ҷангиёни гурӯҳи бо ном «Давлати исломӣ» аст. Низомиёни Ироқ мақсад доранд, ки ин шаҳрро низ аз ҷангиён раҳо созанд. Аз оғози амалиёти бозпасгирии шаҳри Мавсил, яъне аз моҳи октябр наздики 120 ҳазор сокини осоишта онро тарк гуфтааст. Ҳукуматдорон нафронеро, ки аз шаҳри Мавсил фирор намудаанд, дар урдугоҳҳои махсуси барои паноҳҷӯён ҷойгир менамоянд. Дар шаҳри Мавсил ҳамоно наздики як миллион сокини осоишта умр ба сар мебарад. Ба иттилои ҳарбиёни Ироқ эҳтимол барои пурра берун кардани ифротгароён аз шаҳри Мавсил ва атрофи он 3 моҳи дигар лозим ояд.