17:40, 21 Феврали 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Феврал 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 22 23 24 25 26
27 28          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Қирғизистон яке аз нақбҳо фурӯ рафт

Дар шаҳри Сулюктаи Қирғизистон яке аз нақбҳо фурӯ рафт.

Бар асари ҳодиса як нафар ба ҳалокат расид. Оид ба вазъи сиҳатии дигар кормандони нақб маълумот дода нашудааст. Ҳамасола дар минтақаҳои кӯҳии Қирғизистон даҳҳо нафар дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми ба даст овардани канданиҳои фоиданок ба ҳалокат мерасанд. Ин нафарон ғайриқонунӣ канданиҳои фоиданокро ба даст оварда онро ба фурӯш мебароранд. Рӯзи 16-уми декабр нақби Таш-Кумира фурӯ рафта 4 нафар зери харобаҳо дармонд. Дар натиҷа ду тани онҳо ба ҳалокат расида, ду тани дигар ҷароҳат бардошт. Бино ба маълумоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон ҳамаи онҳо ғайриқонунӣ ба истихроҷи ангишт машғул буданд. Охирҳои моҳи ноябр ҳангоми худсарона ба даст овардани канданиҳои фоиданок дар ноҳияи Чаткали вилояти Ҷалол-Обод бар асари фурӯравии нақб як нафар ба ҳалокат расида, панҷ тани дигар ҷароҳат бардошт.