08:55, 24 Ноябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Қандаҳор 14 толиб безарар гардонида шуд

Дар вилояти Қандаҳори қисми ҷанубии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

миёни низомиёни давлатӣ ва як гурӯҳ ҷангиёни ҳаракати «Толибон» задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад. Бар асари ҳодиса 14 нафар ба ҳалокат расида, чанд каси дигар захмӣ шуд. Ҳамаи ҳалокшудагон ва захмиён силоҳбадастони ҳаракати «Толибон» мебошанд. Дар ҷараёни задухӯрд 1 тан аз неруҳои давлатӣ низ ба ҳалокат расид. Мувофиқи маълумоти ахир дар ҷараёни даргирӣ неруҳои давлатӣ чанд тан аз силоҳбадастонро дастгир намуда, боқимонда аз ҳамлагарон аз майдони набард ба самти номаълум ғайб задаанд. Даргириҳо миёни низомиён ва ҷангиёни мухолифи давлат то ҳол дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон идома дорад.