08:52, 24 Ноябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ҳиндустон: дар як ҳамлаи мусаллаҳона 7 хизматчии ҳарбӣ ҷон бохт

Дар Штати Ҷамму ва Кашмири Ҳиндустон ба як қисми низомӣ

ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт. Бар асари ҳодиса 7 хизматчии ҳарбӣ ҷон бохт. Дар ин бора аз Вазорати мудофиаи ин кишвар гузориш доданд. Ҳодиса начандон дуртар аз ситоди низомии шаҳри Нагрота ба қайд гирифта шуд. Ҳамлагарон либоси низомӣ ба бар доштаанд. Онҳо нахуст ба ошхонаи қисми низомӣ ва сипас ба дигар иншоот, ки оилаи сарбозон қарор доштанд, ворид шуда, даст ба харобкорӣ заданд. Онҳо чанд тан аз ғайринизомиёнро асир гирифта, кушиши убур намудани сарҳади Ҳиндустонро намуданд. Аммо дар доираи андешидани чораҳои амниятӣ ва роҳандозии амалиёти махсус онҳо аз ҷониби низомиён безарар гардонида шуданд.