23:51, 23 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ҳалокати 60 нафар аз аҳолии осоишта дар Яман

Ҳавопаймоҳои зарбазани неруҳои эътилофи байналмилалӣ

бо роҳбарии Арабистони Саудӣ боз як маҳалли аҳолинишини шаҳри Ал-Ҳудайдаи Яманро мавриди мушакборон қарор доданд. Дар пайи ҳодиса 60 нафар ба ҳалокат расид. Дар ин бора шабакаи телевизионии «Ал-Масираҳ Ти-Ви» гузориш дод. Ғайр аз ин, дар пайи ин зарбаҳои ҳавоӣ 38 тани дигар ҷароҳатҳои вазнин бардошта, ба яке аз шифохонаҳои маҳаллӣ интиқол дода шуданд. Ҳамаи қурбониён ва захмиён сокинони осоишта мебошанд. Аз зарбаи сахти мушакҳои ҳавоӣ манзилҳои зисти сокинон ва дигар иншооти маъмурӣ пурра хароб гардидааст. Омор нишон медиҳад, ки дар Яман дар давоми роҳандозӣ гардидани амалиёти неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии эътилофи кишварҳои Араб аз моҳи марти соли равон то ҳол 16 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, ҳазорҳо каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.