23:49, 23 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Бетафовутӣ ё ҳодисаи аҷиб дар Олмон

Дар шаҳри Эссени Олмон дар яке аз шуъбаҳои филиали «Deutsche Bank»

ҳодисаи фавқулода рух дод. Муштариён ва кормандони бонк диданд, ки вазъи саломатии марди 82 сола якбора бад шуда, дар натиҷа ӯ ба замин афтод. Вале онҳо на танҳо ба ин нафақахӯр кумак накарданд, балки аз болояш ин тарафу он тараф гузашта, гӯё касеро надида бошанд, ҳаракат мекарданд. Танҳо давоми 20 дақиқае, ки мард болои фарш хобида буд, чанд нафар аз рӯяш гузашта, ба ҳолати ӯ аҳамияте намедоданд. Баъди қариб ним соат нафаре ба ёрии таъҷилӣ хабар дода, онҳоро даъват намуд. Дар натиҷа мард дар беморхона бистарӣ гашт. Вале бинобар сабаби он, ки вақт бисёр гузашта буд, табибон натавонистанд ӯро наҷот диҳанд. Айни ҳол кормандони полис нафаронеро ҷустуҷӯ доранд, ки дар ҳолати вазнин ба шахси калонсол кумаки аввалия нарасониданд. Пешгӯйи мешавад, ки онҳоро маҳбас интизор аст.