04:48, 24 Сентябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Созмони авфи байналмилал Судонро дар истифодаи силоҳи кимиёвӣ айбдор кард

Созмони авфи байналмилал ҷониби Судонро дар истифодаи силоҳи кимиёвӣ

дар музофоти Дарфур айбдор кард. Дар ҳисоботи созмон омадааст, ки аз моҳи январ то сентябр дар доираи амалиёт бар зидди шӯришгарон наздики 30 маротиба аз силоҳи кимиёвӣ истифода шудааст. Тибқи иттилои ин ниҳоди байналмилалӣ бар асари чунин ҳамлаҳо аз 200 то 250 нафар ба ҳалокат расидааст, ки қисми зиёди онҳо кӯдакон мебошанд. Намояндаи Артиши Судон ҳисоботи манзурасохтаи Созмони авфи байналмилалро изҳороти иштибоҳовар арзёбӣ кард. Аз соли 2003-юм бар асари муноқишаҳо дар музофоти Дарфур наздики 300 ҳазор нафар ҷон бохта, 2,5 миллион каси дигар маҷбур ба тарки манзили зист шудаанд.