15:06, 14 Декабри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Зилзила дар Никарагуа 1 кушта ва 11 маҷрӯҳ барҷой гузошт

Дар Никарагуа заминларза ба амал омад.

Қувваи ҷунбиши қишри замин мутобиқ ба ҷадвали Рихтер 5,9 дараҷаро ташкил дод. Маркази асосии зилзила дар қисми шимолии бандари Момотомбои кӯли Шолотлан дар умқи 6 километр муайян карда шуд. Тибқи иттилои дастрас аз хабаргузориҳои маҳаллӣ сокинони кишвар 12 маротибаи дигар бо қувваи 5,1 ва 5,5 дараҷа такон хурдани қишри заминро эҳсос намуданд. Бар асари зилзила 1 нафар ҳалок ва 11 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Ҳамчунин офати табиӣ боиси хароб гардидани чанд бинои истиқоматӣ гардид. Хисороти бештар аз офат ба шаҳри Нагарора ва департаменти Леон ворид гардидааст. Зеро ҳамаи зарардидагони ҳодиса сокинони департаменти Леон гуфта мешаванд. Дар робита фаъолияти як қатор муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои давлатӣ барои чанд муддат қатъ карда шуд. Соли 1972 зилзилаи шадид дар Никарагуа бо қувваи 6,2 дараҷаи ҷадвали Рихтер боиси ҳалокати 10 ҳазор нафар гардида буд.