15:09, 14 Декабри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Тӯфони «Меги» дар ҷазираи Тайван ба марги 625 нафар боис гардид

Теъдоди зарардидагони тӯфони «Меги» дар ҷазираи Тайван

ба 625 нафар расид. Қаблан дар бораи зарари 527-нафар хабар дода буданд. Тибқи иттилоъ чанд тан аз сокинони маҳаллии дигар дар рӯйхати бедаракгаштагон қарор доранд. Бар асари офати табиӣ ҳазорҳо нафар сокинон аз манзили зист маҳрум гардиданд. Тӯфони мазкур хатҳои интиқоли неруи барқу алоқаро хароб ва дарахтонро решакан кард. Дар натиҷа ҳаракати воситаҳои нақлиёт низ мушкил гардид. Барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар музофоти Гуандун, Фусзян, Сзянси ва Хунан ҳолати фавқулода эълон шудааст. Бар асари тӯфони мазкур дар музофоти Фусзян низ як нафар ба ҳалокат расида, беш аз 200 нафар сокинони зарар дида, ба ҷойҳои амн таҳвид дода шуданд. Айни ҳол дар 43-минтақаи музофоти Фусзян беш аз 300 ҳазор нафар аз офати табиӣ зарар доранд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар музофоти Чжэсзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин боришоти шадиди борон обхезиро барангехт. Офати табиӣ бештар сокинони шарҳро дучори мушкил кардааст. Бар асари офати табиӣ 6-нафар бедарак гардид. Дар пайи боришоти беисти борон сатҳи оби дарёҳо баланд гардида, ба минтақаҳои аҳолинишин ҷорӣ гардидааст. Ҳангоми офат дарахтон решакан шуда, он боиси хароб шудани хатҳои интиқоли неруи барқ гардид, ки садҳо оила аз истифодаи он маҳрум шуданд. Обхезӣ ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, бахусус кишоварзӣ хисороти зиёд ворид кардааст. Кормандони Хадамоти наҷотдиҳӣ ва ҳолатҳои фавқулода бо мақсади пешгирӣ аз обхезиҳои навбатӣ дар минтақаҳои зарардида садҳои сунъӣ месозанд. Айни ҳол ҷустуҷӯйи бедаракгаштагон дар минтақаҳои зарардида идома дорад. Дар наздикии минтақаи Лишуйи музофоти Чжэсзяни Чин бошад, ярҷ фарои низ ба қайд гирифта шуд. Бар асари лағжиши қитъаи замин 26-нафар беномунишон гардиданд. Дар натиҷаи амалиёти ҷустуҷӯйи 15-нафар наҷот дода шуда, ба беморхона таҳвил гардиданд. Тибқи иттилои маркази обуҳавошиносӣ чунин вазъи ҳаво чанд рӯзи дигар идома хоҳад кард.