02:26, 24 Августи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар кишвари Примория 70 манзили зист зери об монд

Дар кишвари Приморияи Федератсияи Россия тӯфони «Лайонрок» ҳукумфармоӣ дошта,

боиси обхезӣ гардид. Офати табиӣ бештар ба ноҳияҳои Кавалеров, Чугуев ва Лазов хисороти бештар ворид кардааст. Танҳо дар ноҳияи Кавалеров бар асари обхезӣ беш аз 70 манзили зист ва 62 қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ зери об монданд. Дар ин бора намояндаи хадамоти матбуотии Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи кишвари Примория иттилоъ дод. Айни замон сокинон ба ҷойҳои нисбатан амн таҳвил дода шуданд. Инчунин дар ноҳияи Чугуев сатҳи оби дарёи «Павловка» баланд шуда, ба минтақаҳои аҳолинишин маҷро гирифт. Наҷодиҳандагон бо ҳамроҳи кормандони Хадамоти коммуналӣ дар минтақаҳои зарардида фаъолият доранд.