02:32, 21 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Сурия: роҳбари дуюми гурӯҳи «Давлати исломӣ» кушта шуд

Дар Сурия бар асари зарбаҳои ҳавоии неруҳои эътилоф

яке аз роҳбарони гурӯҳи бо ном «Давлати исломӣ» безарар карда шуд. Дар ин бора оҷонсии иттилоотии «ТАСС» маълумот интишор кард. Ҳавопаймоҳои низомии неруҳои эътилоф бо мақсади безарраргардонии саркардаи гурӯҳи бо ном «Давлати исломӣ» дар минтақаи аҳолинишини Эл-Баби Сурия амалиёт гузаронда, истеҳкоми ҷангиёнро мушакборон намуданд. Чанде қабл шабакаи хабарии «Ал-Ҷазира» иттилоъ дода буд, ки дар Сурия Абу Муҳаммад ал-Аднон ном роҳбари дуюми гурӯҳи бо ном «Давлати исломӣ», ки пас аз Абубакр ал-Бағдодӣ шахси дуюм ба ҳисоб мерафт, ба ҳалокат расонда шуд. Ба иттилои ин шабака Ал-Аднон ҳамчун намояндаи расмии гурӯҳи «Давлати исломӣ» ба ҳамагон маълум буд.