02:33, 21 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

ҶИА: 4 тан аз роҳбарони гурӯҳи «Ҳоқонӣ» ба қатл расонда шуданд

Ҳавопаймоҳои зарбазани ИМА дар қисми шарқии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

қароргоҳи ҷангиёнро мушакборон намуданд. Дар натиҷа 4 тан аз роҳбарони гурӯҳи «Ҳоқонӣ», ки бо ҷангиёни гурӯҳи «Толибон» алоқаи наздик доранд, безаррар карда шуданд. Дар ин бора оҷонсии иттилоотии «Синхуа» дар такя ба маълумоти ҳукуматдорони ин кишвар хабар медиҳад. Ҳамчунин дар рафти амалиёти ҳавоӣ ба истеҳкоми ҷангиён чор зарба зада шуд, ки дар натиҷа 120 силоҳбадаст ба ҳалокат расид. Гуфта мешавад, ки минтақаи Ҷани Кхел, ки дар сарҳад бо Покистон ҷойгир шудааст, 27-уми августи соли ҷорӣ аз ҷониби силоҳбадастони гурӯҳи «Толибон» тасарруф гардида буд. Ҷангиёни гурӯҳи «Ҳоқонӣ» бештар дар вилояти Вазиристони Шимолии Покистон фаъол буда, дар қаламрави Афғонистон пайваста амалҳои террористиро анҷом медиҳанд.