16:37, 26 Сентябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Амалиёти низомии Туркия дар хоки Сурия ҷараён дорад

Туркия дар муборизаҳои худ алайҳи гурӯҳи ифротгарои ба ном «Давлати исломӣ»

ва дастаҳои курд дар шимоли Сурия пурзӯр гардида истодааст. Шабакаи телевизионии «Ал-Ҷазира» дар такя ба маълумоти Маркази мониторинг оид ба ҳуқуқи башар дар Сурия хабар медиҳад, ки дар натиҷаи зарбаҳои охири ҳавоӣ ва мушакӣ 35 нафар аз сокинон ба ҳалокат расиданд. Аммо ҷониби Туркия маълумотро дар хусуси қатли сокинони осоишта дар шимоли Сурия рад мекунад. Дар ҳамин ҳол Артиши озоди Сурия 13 деҳаи шаҳри Ҷараблусро дар қисми шимоли Сурия аз террористон гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» озод намуданд. Феълан Артиши озод ба қисми ғарб ва ҷануби мамлакат ҳаракат дорад. Тавре гуфта мешавад, як қисми аҳолии шаҳри Ҷараблус аллакай ба манзилҳои худ баргаштанд.