21:44, 19 Сентябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Собиқ президентро ба ҳабс гирифтанд

Собиқ президенти Чад - Ҳиссен Ҳабре дар ҷиноят нисбати инсоният айбдор шуда,

ба ҳукми абад маҳкум шуд. Хулосаро трибунали махсуси Иттиҳоди Африқо, ки бо дархости ҳукуматдорони Сенегал таъсис ёфтааст, баровард. Қарори трибуналро наздикони қурбониёни замони роҳбарии Ҳабре ба хушӣ истиқбол намуданд. Ёдрас мешавем, ки Ҳиссен Ҳабре аз соли 1982 то соли 1990 Чадро роҳбарӣ кардааст. Тибқи иттилои созмонҳои гуманитарӣ замони роҳбарии Ҳабре дар ин кишвар 200 ҳазор одамон мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд. 40 ҳазор одамон бидуни мурофиаи судӣ ба ҳалокат расонда шудаанд. Дар Чад оромгоҳи умумӣ дарёфт шуда, ба суд чун далел пешкаш карда шуд. Ҳабреи 72 сола тамоми айбномаҳои трибуналро рад кард. Дар тӯли 15 рӯз номбурда имкон дорад, ки нисбати хулосаи трибунал шикоят барад.