20:26, 19 Сентябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Силсилатаркишҳо дар Бағдод

Гурӯҳи бо ном «Давлати исломӣ» дар пойтахти Ироқ - шаҳри Бағдод чанд амалӣ террористӣ анҷом дод.

Бар асари 3 таркиши ҳамвора дар маҳалҳои гуногуни пойтахт 26 кас ҷон бохтанд. Расонаҳои хабарӣ ҳамчунин дар хусуси захм бардоштани беш аз 50 нафари дигар дар пайи ин силсилаҳамлаҳо иттилоъ медиҳанд. Таркиши аввал дар бозор ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷа 11 кас ҳалок ва 14 нафар маҷрӯҳ гардиданд. Тибқи маълумот, автомашинаи ҳомили таҷҳизоти таркандаи дуюм дар қисми шимолии Бағдод инфиҷор ёфт, ки 10 кушта барҷой гузошт. Ҳамзамон дар шаҳри Садр мотосикле, ки бо муҳимоти тарканда муҷаҳҳаз буд, фаъол гардида, ба марги 3 тан ва захмӣ шудани 10 нафар боис гардид. Мувофиқи иттилои сарчашмаҳои дигар ҷангиёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар шаҳри Ҳит чанд мавзеъро ғасб намуданд. Сохторҳои қудратии Ироқ ин минтақаҳоро охирҳои ҳафтаи қаблӣ аз силоҳбадастон озод карда буд. Дар рафти задухӯрдҳо дар шаҳри Ҳит ва атрофи шаҳри Фаллуҷа 65 низомӣ ва муборизони ихтиёрӣ ба ҳалокат расида, зиёда аз 80 каси дигар захм бардоштанд.