13:35, 20 Феврали 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Феврал 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
21 22 23 24 25 26
27 28          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар қаламрави Афғонистон 28 аъзои «Толибон» безарар гардонида шуд

Мувофиқи маълумоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

дар пайи амалиёти густурдаи неруҳои қудратии мамлакат, 28 нафар аъзои ҳаракати «Толибон» безарар гардонда шуд. Ин тадбир дар вилоятҳои Парвон, Ғазни, Нангарҳор, Лугар, Урузгон, Вардак, Қандаҳор, Зобул, Бағлон, Қундуз, Форёб ва Бадахшон роҳандозӣ гардид. Дар миёни маҳвшудагон 3 танашонро роҳбарони гурӯҳҳои террорситӣ ташкил медиҳанд. Ҳамчунин дар рафти даргириҳо 12 силоҳбадасти дигар боздошт шуданд. Аз гурӯҳҳои террористӣ ба миқдори зиёд силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.