20:07, 19 Январи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Январ 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Чин: 4 нақбкан, ки 36 рӯз дар зери кӯҳ дармонда буданд, наҷот ёфтанд

Дар музофоти Шандуни Ҷумҳурии Мардумии Чин наҷотдиҳандагон

4 нақбканро, ки муддати 36 рӯз дар чуқурии 200 метр дармонда буданд, берун оварда, дарҳол бистарии беморхона намуданд. Фурӯравии замин дар нақб 25 -уми декабри соли сипаришуда рух дода буд. Замони фоҷиа, дар дохили нақб 29 кӯҳкан қарор дошт. Ба 11 нафар муяссар омад, ки наҷот ёбанд, вале 1 тани онҳо ба ҳалокат расид. Тақдири 17 тани дигар номаълум боқӣ монд. Наҷотдиҳандагон тавассути дастгоҳи наворбардорӣ, ки ба зери замин ворид карда шуд, дар бораи зинда будани 4 нафар огоҳӣ пайдо намуданд. Афтидани кӯҳпораҳо бошад, амалиёти наҷотдиҳиро мушкил гардонид. Масъулон тавассути барқарор намудани алоқа бо дармондагон тавонистанд, ки ба онҳо об ва маводи хӯрока дастрас кунанд. Маҳз ҳамин тадбир боис гашт, ки нақбканон беш аз як моҳ дар зери замин зинда монанд.