00:49, 23 Феврали 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Феврал 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 23 24 25 26
27 28          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

СММ 12 ҳолати таҷовузи кӯдакон аз ҷониби сарбозони неруҳои посдори сулҳро тасдиқ кард

Дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ нисбат ба сарбозони неруҳои

посдори сулҳи СММ, ки дар ин кишвар мустақар мебошанд, айбномаи нав пешкаш гардид. СММ ҷой доштани 12 ҳолати таҷовузи кӯдакон аз ҷониби сарбозони неруҳои посдори сулҳро тасдиқ намуд. Сокинони маҳаллӣ изҳор медоранд, ки афсарони созмон мушкилии иловагиро дар мамлакати онҳо эҷод менамоянд. Аҳолии Ҷумҳурии Африқои Марказӣ хоҳони анҷом ёфтани муҳлати мустақари неруҳои посдори сулҳи СММ мебошанд. Ҳанӯз 3 сол қабл дар ҶАМ нооромӣ сар зада буд.Пас аз он ба ин кишвар неруҳои посдори сулҳи СММ ворид шуда буданд. Яке аз намояндагони СММ зимни нишасти матбуотӣ изҳор кард, ки ӯ аз шарҳи вазъияти пешомада шарм медорад. Зеро замоне, ки сарбозони неруҳои посдори сулҳи СММ даст ба амалҳои норавои нангин мезананд, ягон ҷойи сафедкунӣ намемонад. Ҳодисаи зиёди таҷовуз дар урдугоҳи фирориён аз ҷониби сарбозони неруҳои посдори сулҳи СММ дар шаҳри Бангии Ҷумҳурии Африқои Марказӣ соли 2014 ба қайд гирифта шуда буд.