08:58, 24 Ноябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Қандаҳор 30 мухолифи мусаллаҳ кушта шуд

Бар асари зарбаҳои ҳавоӣ дар вилояти Қандаҳори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

30 мухолифи мусаллаҳи давлат нобуд карда шуд. Дар пайи ин ҳамла 18 каси дигар захмӣ гардидааст. Амалиёт бо мақсади маҳви ҷангиён дар вусволиҳои Ғурак ва Майванд 20 рӯз қабл оғоз гардида буд. Дар ин амалиёт аз ҳама воҳидҳои низомии Афғонистон сарбозон иштирок доранд. Ба кормандони сохторҳои қудратӣ безараргардонии 85 таҷҳизоти тарканда низ муяссар омад. Ғайр аз ин, аз ҷангиёни маҳвшуда ба миқдори зиёд яроқу аслиҳа дарёфту мусодира гардид. Дар вилояти Нангарҳор бошад, бар асари зарбаҳои ҳавоӣ як тан аз саркардагони гурӯҳи бо ном «Давлати исломӣ» кушта шудааст.