09:00, 24 Ноябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар водии Шавол 17 ҷангӣ безарар гардонида шуд

Дар Ҷумҳурии Исломии Покистон зимни амлиёти неруҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ

17 террорист безарар гардонида шуд. Хабари мазкурро шабакаи телевизионии «Дунё-нюс»-и ин кишвар пахш кард. Дар ҳамин ҳол Оҷонсии иттилотии «Синхуа» теъдоди маҳвшудагонро ба 8 тан нисбат медиҳад. Ин тадбири низомӣ дар минтақаи Датахели водии Шавол сурат гирифт. Водии Шавол дар Вазиристони Шимолӣ ва дар марз бо Афғонистон ҷойгир мебошад. Дар ҷараёни амалиёт аз ҳавопаймоҳои зарбазан истифода шудааст. Дар пайи зарбаҳои ҳавоӣ чанд махфигоҳи ҷангиён низ нобуд карда шуд. Тадбири низомии навбатӣ идомаи амалиёти қаблӣ, ки таҳти унвони «Зарб-е-Азб» дар ин минтақа ҷараён дорад, ба шумор меравад. То кунун бар асари ин амалиёт 3 ҳазор силоҳбадаст маҳв карда шудааст.