06:41, 26 Сентябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

«Давлати исломӣ» ҳалокати «Ҷиҳоди Ҷон»-ро тасдиқ кард

Гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» маълумоти ба ҳалокат расидани

Муҳаммад Эмвозиро, ки бо тахаллуси «Ҷиҳоди Ҷон» маъмул аст, тасдиқ намуд. Нахустин бераҳмиҳои аз ҷониби номбурда анҷомёфтаро гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» моҳи августи соли 2014 интишор намуда буд. Муҳаммад Эмвозӣ зодаи Кувайт буда, вале солҳои охир дар Лондон умр ба сар мебурд. Соли 2013 номбурда аз Британияи Кабир ба Сурия рафта, ба сафи ҷангиёни гурӯҳи зикрёфта пайваст. Моҳи ноябри соли сипаришуда яке аз намояндаи вазорати мудофиаи Амрико иттилоъ дода буд, ки дар пайи зарбаҳои неруҳои ҳарби-ҳавоӣ Эмвозӣ безарар карда шуд. Замони зарбаҳои ҳавоӣ Ҷиҳоди Ҷон дар автомобил қарор дошт, ки мушак бар нақлиёти ӯ бархӯрд. Ин маълумотро тундгароён дар саҳифаҳои интернетии худ тасдиқ намуданд.