06:24, 26 Сентябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Дар Чин нақлиёти сабукрав гурӯҳи пиёдагардонро пахш кард

Дар музофоти Тсзянсии қисми шимолии Ҷумҳурии Мардумии Чин

воситаи нақлиёти сабукрав ба гурӯҳи пиёдагардон бархӯрд. Бар асари ҳодиса 3 нафар ба ҳалокат расида, 18 тани дигар маҷрӯҳ шуд. Айни ҳол вазъи сиҳатии 3 тан аз осебдидагон вазнин арзёбӣ мегардад. Бино ба маълумоти кормандони мақомоти полис ронандаи автомобил бо суръати баланд ҳаракат ва дар яке аз роҳҳои пиёдагарди ҳавзаи Фэнсин гурӯҳи одамонро пахш кардааст. Ронандаи воситаи нақлиёт дастгир шуда, мавриди пурсиш қарор дорад. Кормандони мақомоти полис иқрор омаданд, ки аз ронандаи мазкур корд мусодира гардидааст. Аммо сабаби ба ин амал даст задани ӯ ҳоло мушаххас нест.