07:49, 26 Сентябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Автобуси кормандони полис мавриди ҳамлаи силоҳбадастон қарор гирифт

Дар қисми ҷанубу шарқии музофоти Ширнаки Туркия

автобуси кормандони мақомоти полис мавриди ҳамлаи силоҳбадастон қарор гирифт. Бар асари ҳодиса 2 нафар ба ҳалокат расида, чанд тани дигар маҷрӯҳ гардиданд. Дар ин бора рӯзномаи «Дайли Сабоҳ» бо ишора ба манбаъҳои маҳаллӣ иттилоъ доданд. Оид ба шумораи қурбониёну захмиёни ҳамла хабаргузориҳои маҳаллӣ маълумоти гуногун интишор мекунанд. Силоҳбадастон ба автобуси полис мушак партоб намудаанд. Ба макони ҳодиса кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои маҳви террористон сафарбар гардидаанд. Ҳукуматдорон дар содир намудани ҳамлаи террористӣ ҷангиёни Ҳизби коргарии курдҳоро гумонбар меҳисобанд.