06:50, 26 Сентябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Ташкил намудани қатли шавҳар аз ҷониби зан

Рӯзи 17-уми январ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои

оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 28-солаи сокини ноҳияи Ашт ва ҳамдеҳаи ӯ марди 47-солаи қаблан бо моддаҳои 108 (таҳрири соли 1961) ва 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон судшуда, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир гардиданд. Тафтишот муайян намуд, ки зани гумонбаршуда бо маслиҳати пешакӣ бо марди 47-солаи зикргардида, шавҳараш, марди 32-солаи сокини ҳамин ноҳияро санаи 06.08.с.2015, тахминан соати 19:00-дақиқа дар ҳавлии истиқоматиаш бо роҳи фиреб барои таъмир намудани насоси обкашӣ ба дохили чоҳи чуқуриаш 4 метр дароварда, бо санг якчанд маротиба задаанд. Дар натиҷа марди ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Сипас гумонбаршудагон ҷасади мардро ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-190” бор карда, ба ҳудуди заминҳои саҳроӣ бурда, ба болои ҷасад сӯзишвории дизелиро пошида, оташ задаанд. Дар вақти ташхиси криминалистӣ қисми боқимондаи ҷасади марҳум дарёфт карда шуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.